Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Ҷопон ба имзои созиши тиҷоратӣ муваффақ нашуданд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар поёни сафари давлатии серӯзааш ба Ҷопон рӯзи ҷумъа, изҳор намуд, ки дар сурати пеш омадани таҳдиди амниятӣ Амрико ӯҳдадориҳои ҳампаймонии худро иҷро хоҳад кард. Гуфта мешавад, Обама, аз ҷумла, баҳс миёни Токио ва Пекин дар мавриди ба кӣ тааллуқ доштани галаҷазираи Сенкаку дар Баҳри Чини Шарқиро дар назар дошт. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки ин низоъ бояд аз роҳи осоишта ҳаллу фасл шавад.

Дар ҷараёни сафари Обама ба Токио мақомоти ду кишвар ба имзои созиши тиҷоратӣ муваффақ нашуданд. Вазири иқтисоди Ҷопон Акира Амари ба хабаргузориҳо гуфт, ки ҷонибҳо натавонистанд ихтилофи назар оид ба содироту воридоти мошин ва масолеҳи кишоварзиро аз байн бубаранд. Ба иттилои Кохи Сафед, ҳарду ҷониб ба рафъи ихтилоф дар мавриди дастрасии молҳои амрикоӣ ба бозори кишоварзии Ҷопон наздиканд.

Коршиносон мегӯянд, ИМА мехоҳад бо имзои созиши тиҷоратӣ бо Ҷопон ва 11 кишвари дигари осиёӣ ҳузури худро дар бозори Осиё дар ҳоле ҳифз кунад, ки бо рақобати афзояндаи Чин дар ин бозор рӯбарӯ шудааст.

Рӯзи 25 апрел раисиҷумҳури ИМА вориди Кореяи Ҷанубӣ шуд.
XS
SM
MD
LG