Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ветнам меравад


Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014, ки аз 30-юми апрел то 10-уми май дар Ҳошимини Ветнам баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа, 25-уми апрел, ба радиои "Озодӣ" гуфт, «мо пеш аз зӯҳри рӯзи душанбеи 28-уми апрел тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Алматии Қазоқистон ва аз он ҷо ба Ҳошимин парвоз мекунем. Бозии аввалинро дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё 30-юми апрел муқобили тими Кувайт анҷом медиҳем. Дар даври дувум рӯзи 2-юми май бо тими мизбон – Ветнам ва дар даври севуми сабқати гурӯҳӣ рӯзи 4-уми май бо мунтахаби Ироқ бозӣ мекунем. Вазифаи мо аз гурӯҳамон ба даври баъдӣ роҳ ёфтан ва умуман, дар байни ҳаштгонаи беҳтарини қора ҷойгир шудан аст.»

Ба иттилои ҷаноби Камолиддинов, мунтахаби Тоҷикистон давраи омодагиро ба қаҳрамонии Осиё дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд анҷом дод. Ба ҳайати мунтахаби кишвар инҳо дохиланд: дарвозабонҳо – Миралӣ Шарифов, Мурод Алиқулов ва Шӯҳрат Бибудов, бозигарон – Шерзод Ҷумъаев, Мансур Мамедбобоев, Хуршед Маҳмудов, Аҳтам Назаров, Алишер Улмасов, Орзу Додхудоев, Самад Шоҳзуҳуров, Арсен Фаронбеков, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов ва Далер Ақназаров.

Бояд тазаккур дод, дар мавриди роҳ ёфтан ба даври баъдӣ – чорякниҳоӣ - мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» - Эрон, Австралия, Чин ва Индонезия рақобат мекунад.

Тақвими бозиҳои чемпионати футзали Осиё-2014
Гурӯҳи «А»: Вйетнам, Кувайт, Тоҷикистон, Ироқ.
Гурӯҳи «В»: Эрон, Австралия, Чин, Индонезия.
Гурӯҳи «С»: Тайланд, Лубнон, Тайван, Малайзия.
Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Узбакистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ.

Даври 1-ум
30 апрел (чоршанбе)
16.00 – Кувайт – Тоҷикистон
16.00 – Эрон – Индонезия
19.00 – Вйетнам – Ироқ
19.00 – Австралия – Чин
1 май (панҷшанбе)
16.00 – Тайланд – Малайзия
16.00 – Ҷопон – Кореяи Ҷанубӣ
18.30 – Лубнон –Тайван
18.30 – Қирғизистон – Узбакистон

Даври 2-юм
2 май (ҷумъа)
16.00 – Ироқ – Кувайт
16.00 – Индонезия – Австралия
18.30 – Тоҷикистон – Вйетнам
18.30 – Чин – Эрон
3 май (шанбе)
16.00 – Малайзия – Лубнон
16.00 – Кореяи Ҷанубӣ – Қирғизистон
18.30 – Тайван – Тайланд
18.30 – Узбакистон – Ҷопон

Даври 3-юм
4 май (якшанбе)
16.00 – Эрон – Австралия
16.00 – Чин – Индонезия
18.30 – Вйетнам – Кувайт
18.30 – Тоҷикистон – Ироқ
5 май (душанбе)
16.00 – Тайланд – Лубнон
16.00 – Тайван – Малайзия
18.30 – Ҷопон – Қирғизистон
18.30 – Узбакистон –Кореяи Ҷанубӣ

Чорякфинал
7 май (чоршанбе)
15.30 – 1 «А» - 2 «В»
15.30 – 1 «С» - 2 «D»
18.30 – 1 «В» - 2 «А»
18.30 – 1 «D» - 2 «С»

Нимфинал
8 май (панҷшанбе)
15.30 – 1 «А»/2 «В» - 1 «С»/2 «D»
18.30 – 1 «В»/2 «А» - 1 «D»/2 «С»

10 май (шанбе)
16.00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
19.00 – Бозии ниҳоӣ

Қуръакашии марҳилаи ниҳоии чемпионати бошгоҳҳои Осиё-2014 оид ба футзал 23-юми май дар шаҳри Чэндуи Чин баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқа баъди анҷоми чемпионати Осиё-2014 байни дастаҳои мунтахаб дар Ҳошимин маълум мешаванд. Ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳҳои Осиё қаҳрамонҳои он кишварҳое мушарраф мешаванд, ки дар мусобиқаи қитъавӣ дар Ветнам ба шашгонаи беҳтарин дохил мегарданд.

Боз ду роҳхат ба таври автоматӣ ба қаҳрамони Чин (ба ҳайси мизбони чемпионати бошгоҳҳои Осиё) ва қаҳрамони Тайланд (ба ҳайси қаҳрамони феълии Осиё) дода мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳҳи Осиё оид ба футзал аз 25-ум то 30-юми августи соли равон дар шаҳри Чэндуи Чин баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG