Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос дар шимолу ғарби Покистон рӯзи ҷумъа, 25 апрел, ҳафт узви як хонавода кушта шуданд. Масъулини полис ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфтанд, ки ҳодиса дар минтақаи Свабӣ, воқеъ дар шимоли шаҳри Пешовар, рӯй додааст ва дар он ду бародару як хоҳар, писараки 9-сола ва се бародарзода ҷон бохтаанд.
Панҷ узви дигари хонавода ҷароҳат бардошта, айни ҳол таҳти назорати табибон дар бемористон қарор доранд.
Раиси ҳукумати вилояти Хайбар-Пахтунхва хостори таҳқиқи ҳодиса шуд.
Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст.