Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври севуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои 26-28-уми апрел бозиҳои даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Даври севум рӯзи шанбеи 26-уми апрел бо ду бозӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд - «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан ва «Истиқлол»-и Душанбе - «Энергетик»-и Душанбе оғоз меёбад.

Ду бозии дигар рӯзи якшанбеи 27-уми апрел байни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе – Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров – «Хайр»-и Ваҳдат барпо мегардад.

Бозии охирини даври севум рӯзи душанбеи 28-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои «Равшан» - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор мешавад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм
26-уми апрел, шанбе
Оғози бозиҳо - соати 16:00
«ХУҶАНД» - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА»
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-летия Истиқлолияти Тоҷикистон»
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

«ИСТИҚЛОЛ» - «ЭНЕРГЕТИК»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

27-уми апрел, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 16:00
ССКА «ПОМИР» - «РЕГАР-ТАДАЗ»
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

«ПАРВОЗ» - «ХАЙР»
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

28-уми апрел, душанбе. Оғози бозӣ - соати 16:00
«РАВШАН» - «ВАХШ»
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа “Истиқлол” бо 6 имтиёз дар садри ҷадвали бозиҳо қарор дорад. Дастаҳои “Хайр”, ”Хуҷанд” ва “Энергетик” чоримтиёзӣ, “Вахш” 3 имтиёз, ССКА “Помир”, “Регар-ТадАЗ” ва “Далерон-Ӯротеппа” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. “Парвоз” ва “Равшан”, ки як бозӣ анҷом додаанд, хол надоранд.
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1«Истиқлол»22004-06
2«Хайр»21105-34
3«Хуҷанд»21102-14
4«Энергетик»21102-14
5«Вахш»21011-13
6ССКА «Помир»20112-31
7«Регар-ТадАЗ»20111-21
8«Далерон-Ӯротеппа»20111-41
9«Парвоз»10010-10
10«Равшан»10011-30

Нишонзанҳои беҳтарин: Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол») – 3 тӯб, Мирзобек МИРЗОЕВ («Хайр») – 2 тӯб.
XS
SM
MD
LG