Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: "Ғарб дар Украина ошӯб барангехт"


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, кишварҳои ғарбиро ба барангехтани ошӯб ва “тағйири ғайриқонунии ҳукумат” дар Украина муттаҳам кард. Ӯ рӯзи 24-уми апрел зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскав гуфт, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, бо барканории раиси ҷумҳури Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина “инқилоби рангаи” дигаре анҷом бидиҳанд. Сергей Лавров афзуд, дар бозиҳои геополитикӣ алайҳи Русия Украинаро ба ҳайси “мӯҳраи пиёда дар тахтаи шоҳмот” ба кор бурдаанд. Айни замон вазири умури хориҷии Русия афзуд, пешниҳоди раиси ҷумҳур Владимир Путин барои оғози машваратҳои ҳаматарафа ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи иқтисодии Украина ва таъмини он бо газ дар миёни шарикони хориҷии Русия тарафдорӣ пайдо кардааст. Ӯ гуфт, умедвор аст, ки чораҳои амалӣ дар ин замина рӯзҳои наздик иҷро мешаванд.
XS
SM
MD
LG