Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Прага нишасти Иттиҳодияи Аврупоро мизбонӣ мекунад


Дар шаҳри Прага нишасти дурӯзаи кишварҳои узви барномаи ҳамшарикии Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои шарқи минтақа оғорз шуд ва дар ҷараёни он масъалаи таҳкими ҳамкориҳо баррасӣ мешавад. Украинаи гирифтори бӯҳрон ҳам узви ин барнома аст ва Андрей Дечится, вазири муваққати умури хориҷиро ба Прага фиристодааст. Раисони ҷумҳури Арманистону Озарбойҷон, Гурҷистону Молдова аъзои дигари барнома дар ҳамоиш ҳузур хоҳанд ёфт, вале намояндагони узви дигари барнома Ҷумҳурии Белорус нишастро таҳрим кардаанд, зеро раиси ҷумҳури кишвар Александр Лукашенко ба он даъват нашудааст. Дар ҳамоиш, ки то рӯзи 25 апрел идома меёбад, аз Иттиҳодияи Аврупо, намояндагони Ҷумҳурии Чех, Австрия, Литва, Лаҳистон ва Словакия ҳузур доранд. Иттиҳодияи Аврпупо охири ҳамин моҳ ба шаҳрвандони Молдова иҷоза медиҳад, ки бе раводид ба қаламрави кишварҳои узв сафар кунанд ва моҳи июн миёни ду тараф Аҳдномаи ҳамшарикӣ имзо мешавад. Гурҷистон ҳам умедвори имзои айни аҳднома дар моҳи июн аст. Русия аз мухолифони аслии ин барнома аст ва мехоҳад, кишварҳои ҳамсояааш ба Иттиҳоди Гумрукӣ бипайванданд.
XS
SM
MD
LG