Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, Русия ба аҳдаш вафо накардааст


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, Русия тавофуқоти шаҳри Женева барои фурӯ нишондани бӯҳрон дар Украинаро иҷро намекунад. Зимни суханронӣ дар шаҳри Токио, пойтахти Ҷопон дар рӯзи 24-уми апрел, Барак Обама гуфт, ҳукумати Русия “ҳадди аққал то кунун” ҳеҷ чорае барои иҷрои бандҳои созиши Женева наандешидааст. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, агар Русия созишро иҷро накунад, Иёлоти Муттаҳида таҳримот алайҳи он кишварро афзоиш хоҳад дод. Бар асоси созиши ҳосилшуда миёни Украина, Русия, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар рӯзи 18-уми апрел бояд гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар Украина халъи силоҳ шаванд ва ҷудоихоҳони Русиягаро идораҳои ҳукуматии ишғолкардаашон дар шаҳрҳои шарқии Украинаро холӣ кунанд. Дар ивази он ҳукумат онҳоеро, ки силоҳҳояшонро месупоранду, бинҳоро тарк мекунанд, набояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашад.
XS
SM
MD
LG