Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ба арманиҳо изҳори тассалият кард


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ба авлодони қурбониёни куштори дастаҷамъии бештар аз якуним миллион арманӣ дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Якум изҳори тассалият кард. Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 23-уми апрел дар як баёнияи катбӣ, ки бо 9 забон аз ҷумла арманӣ нашр шуд, гуфтааст, ки “Ин ҳодиса дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Якум дарди ҳамаи мост.” Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, “Рӯҳи арманиҳое, ки дар аввали қарни 20-ум ҷон бохтаанд, шод бод.” Бори аввал аст, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон ошкоро ба авлодони арманиҳои қурбоншуда аз дасти туркони усмонӣ таъзия баён мекунад. Баёнияи ӯ дар остонаи Рӯзи ёдбуд нашр шуд, ки арманиҳои саросари ҷаҳон ҳар сол дар ин рӯз ёди онҳоеро гиромӣ медоранд, ки дар куштори дастаҷамъӣ ҷон додаанд. Арманиҳо ин кушторро наслкушӣ мехонанд, вале Туркия ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, дар замони бебандуборӣ ва суқути империяи усмонӣ ҳазорон турк ҳам дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG