Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои интихоботи Афғонистон дертар эълон мешавад


Кумиссиёни мустақили интихоботии Афғонистон гуфт, ки эълони натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 5-уми апрелро то рӯзи 26-уми ҳамин моҳ ба таъхир меандозад. Ба гуфтаи мақомоти кумиссиён ба онҳо ду рӯзи изофӣ зарур аст, то шикоятҳо дар бораи тақаллуб дар интихоботро баррасӣ карда ва сипас орои мардумро аз нав бишуморанд. Қарор буд, натиҷаҳои муқаддамотӣ рӯзи 24 апрел эълон шавад. Бар асоси натиҷаҳои ахири интихобот, Абдулло Абдулло, вазири умури хориҷии собиқи Афғонистон 44,4 дар сади орои мардумро ба даст оварда пешсафи интихобот аст. Рақиби аслии ӯ Ашраф Ғанӣ андаке бештар аз 32 дар сади раъйи мардумро касб кардааст. Агар ҳеҷ яке аз номзадҳо бештар аз 50 дар сади ороро ба даст наёрад, интихобот ба даври дуввум кашида мешавад. Айни замон як ниҳоди нозири интихоботӣ, рӯзи 23 апрел гуфт, ки 13 шабакаи телевизиониро барои инъикоси яктарафаи интихобот ҷарима кардааст.
XS
SM
MD
LG