Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина барои амалиёти нав омода шудааст


Ҳукумати Украина мегӯяд, созиши муваққати оташбас дар рӯзҳои Иди Фусҳоро расман хотима дод ва барои амалиёти нав алайҳи шӯришиёни Русиягаро дар шарқи кишвар омода мешавад. Виталий Ярема, муовини аввали нахуствазири Украина, рӯзи 23-уми апрел гуфт, ҳукумат барои анҷоми «марҳилаи фаъоли» "амалиёти зиддитеррористӣ" алайҳи ҷудоихоҳон омода аст, ки идораҳои ҳукуматӣ дар даҳҳо шаҳри шарқии Украинаро ишғол кардаанд. Рӯзе пештар аз ин ва баъди пайдо кардани ду ҷасад бо осори шиканҷа дар наздикии шаҳри Словянск, ки дар дасти ҷудоихоҳон аст, Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина амр дод, амалиёти дигар барои берун рондани ҷудоихоҳон аз қароргоҳҳои ҳукуматӣ сурат бигирад. Ба гуфтаи мақомот, яке аз афроди кушташуда, Володимир Рибак, сиёсатмадори маҳаллӣ ва аз Ҳизби Баткишвинаи раиси ҷумҳур Олександр Турчинов будааст.
XS
SM
MD
LG