Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

56 медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Непал


Дастаи мунтахаби таэквондо ИТФ-и Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Катмандуи Непал то имрӯз, 23-юми апрел, соҳиби 56 медал (30 тилло, 16 нуқра ва 10 биринҷӣ) гардидааст.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ рӯзи 23-юми апрел Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквон-до ИТФ ва кикбоксинги Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, «дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон рӯзи якшанбеи 20-уми апрел шурӯъ шуда буд, варзишгарони 20 кишвар ширкат доранд. Шарафи Тоҷикистонро 43 варзишгар ҳимоя мекунанд, ки аз онҳо 11 нафарашон бузургсолон ва 32 нафарашон наврасон мебошанд. »

Ба гуфтаи ҷаноби Яҳёев дар се рӯзи мусобиқа варзишгарони тоҷик дар рақобатҳои инфиродӣ байни бузургсолон се медали тилло ба даст оварданд. Алишер Аҳмадов ва Парвиз Муродзода оид ба машқҳои маҷмӯӣ байни бузургсолон бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Медали севуми тиллои Тоҷикистонро дар сабқати бузургсолон мунтахаби мардонаи кишвар дар машқҳои маҷмӯӣ соҳиб шуд.

Медалҳои дигарро варзишгарони навраси тоҷик ба даст оварданд. Дарвоқеъ, мусобиқаи наврасон дар ду гурӯҳ – байни 14-15 ва 16-17-солаҳо - ҷараён дорад.

Мусобиқаи мазкур дар пойтахти Непал шоми имрӯз, 23-юми апрел, ба анҷом мерасад.

Ба гуфтаи Мирсаид Яҳёев, ин мусобиқа барои варзишгарони ҷавони тоҷик як навъ санҷишест пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ байни наврасон, ки аз 6-ум то 11-уми августи соли равон барои аввалин бор дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе, барпо мегардад.
XS
SM
MD
LG