Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бо Лавров ва Ятсенюк гуфтугӯ кард


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, дар алоҳидагӣ бо вазирони умури хориҷии Русия ва Украина доир ба авзоъ дар шарқи ин кишвар ва иҷрои тавофуқоти шаҳри Женева телефонӣ гуфтугӯ кардааст. Ҷон Керрӣ рӯзи 23 апрел ба Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфтааст, ки ин кишвар бар хилофи аҳдҳои додааш дар Женева дар ҳафтаи гузашта барои фӯру нишондани муноқиша дар шарқи Украина амал намекунад ва аз Русия хост, аз баёнияҳои таҳрикомез парҳез кунад. Ҷон Керрӣ ҳамчунин аз Русия хостааст, ки ба ҷудоихоҳони тарафдори ин кишвар дар шарқи Украина фишор биёрад, то дар ивази авф, силоҳҳояшонро таслим кунанд. Вазири умури хориҷии Амрико дар сӯҳбат бо Арсений Ятсенюк ҳамкори украинии худ, ҳукумати Украинаро барои иҷрои баъзе аз тавофуқоти Женева, аз ҷумла қабули қонуни авф ва ҳамкорӣ бо нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ситоиш кардааст.
XS
SM
MD
LG