Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Обама ба кишварҳои осиёӣ шурӯъ шуд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 23 апрел сафари якҳафтаина ба кишварҳои осиёиро шурӯъ кард ва ба Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ ва сипас ба Малайзия ва Филиппин хоҳад рафт. Кохи Сафед гуфт, ҳадафи сафари Обама, “ба тавозун” овардани сиёсати хориҷии Амрико ба тарафи шарқ аст. Барак Обама бори панҷум аст, ки дар аҳди раёсати ҷумҳуриаш ба ин минтақа меравад. Ӯ аввалин раиси ҷумҳури Амрикост, ки пас аз соли 1966, баъди сафари Линдон Ҷонсон, раиси ҷумҳури пешин ба Малайзия ба ин кишвар сафар мекунад. Масоили тиҷорат, танишҳо бо Куриёи Шимолӣ ва даъвои Чин барои ҷазираҳои хурди воқеъ дар Баҳри Чини Шарқӣ аз масоили гуфтугӯҳои ӯ Барак Обама мешавад.
XS
SM
MD
LG