Дар ин сабқати ҷаҳонӣ, ки дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб аз 15-ум то 19-уми апрел баргузор шуд, Алӣ Султонов се қувваозмоӣ анҷом дод. Вай нахуст бар рақиби амрикоияш, ки дар ҷараёни муҳориба дасташ лат хӯрд ва аз идомаи сабқат даст кашид, пирӯз гашт.
Алӣ дар даври дувум бар намояндаи Сурия аз рӯи имтиёз ғолиб омад. Баъдан ӯ барои ба финал баромадан бар варзишгари қазоқ дастболо шуд. Вале Алӣ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз намояндаи Русия шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми дувумро касб кард.
Ба иттилои Лигаи миллии касбии якҳарбаҳои шарқӣ ва аврупоӣ, Алӣ Султонов дар Абу-Даби аз рӯи барномаи American School International таҳсил менамояд. Вай 18-сола буда, дар вазни беш аз 81 кг рақобат мекунад.
Акнун варзишгарони тоҷик ба мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Аврупо оид ба К-1 (WAK-1F, аз рӯи ривояти ҳаваскорӣ), ки аз 1-ум то 4-уми май дар пойтахти Молдова – Кишинёв - баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.