Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии "Лабханди Худо"-и Орзу дар Душанбе


Ин бор толори «Ҳафт авранг»-и сафорати Афғонистон дар Душанбе, дӯстдорон ва ҳаводорони дурри дарӣ, қандӣ форсӣ ва шеъри ноби тоҷикиро ба ҳам овард.

Ҳамоиши рӯнамоӣ аз китоби «Лабханди Худо»-и Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, шомгоҳи сешанбе бо ҳузури густурдаи донишмандон, адабиётшиносон, рӯзноманигорон ва шефтагони шеъри порсӣ баргузор шуд.

«Лабханди Худо» аввалин маҷмӯаи шоири шинохта ва дипломати варзидаи Афғонистон Абдулғафури Орзу аст, ки ба ду хатти ниёгон ва сириллик рӯи чоп омад.

Дӯстдорони шеъру адаб дар Тоҷикистон ба намунаҳои ҷудогонаи шеъри Абдулғафури Орзу, ки зодаи шаҳри бостонии Ҳирот аст, аз тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои дастаҷамъие монанди «Як сарзамини муҳаббат» ва «Баёзи меҳр», ки солҳои ахир дар Тоҷикистон нашр шуданд, ошноӣ доранд.
Аммо барои нахустин бор аст, ки маҷмӯаи нахустин ва комилтарини Абдулғафури Орзу ба хати сириллик ба рӯи чопро мебинад.

Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки ба ин китоб тақриз навиштааст, дар ин нишаст зимни ишора ба гароиши Орзу ба суннатҳои адабии пешин, гуфт, ӯ ба вижа аз адабиёти ирфонӣ ва сабки Бедил, баҳрабардорӣ кардааст.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки низ ба ин китоб пешгуфтор навиштааст, ба шеъру шоирӣ ва корҳои адабӣ машғул шудани дипломатҳо ва сиёсамадорон дар дарозои таърих ишорат намуд. Ӯ аз ҷумла аз Низомулмулк, вазири салчуқиён, Аҳмади Дониш, дипломатии номии Аморати Бухоро, А.С. Пушкин ва Ф.И Тютчев, шоирони тирози аввали рус, Александер Гирибоедов, сафири мухтори Русия тазорӣ дар Эрон ном бурд, ки ҳам собиқаи шеъру шоирӣ ва дипломативу сиёсатмдорӣ доштанд.

Абдулғафури Орзу соҳиби чанд рисолаву китобҳои арзишманди таҳқиқӣ ва таълимӣ мебошад, ба монанди «Бутиқои Бедил» «Хӯшае аз ҷаҳонбинии Бедил», «Диранге дар адабиёти фаранг», «Шод зи… (рӯдакишиносӣ), «Агар Фарҳод шуд, бимонад, «Муқоисаи инсони комил аз дидгоҳи Бедилу Ҳофиз» , «Дар хонаи офтод (сайре дар аҳволу осори Бедил) , «Шеъру шуҳуди орифона», «Нақди Халилӣ ва ғайра.

«Лабханди Худо» дар ҳаҷми 1000 нусха дар чопхонаи «Мега-принт»-и Душанбе ба нашр расида ва Вафо Элбоев, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ онро аз расмулхати форсӣ ба сириллик баргардон кардааст.

НАМУНАЕ АЗ ШЕЪРИ АБДУЛҒАФУРИ ОРЗУ:

"Сӯги сапедор"- марсия барои Аҳмадшоҳи Масъуд

Чӣ гуна ҷангали анбӯҳро заданд оташ,
Чӣ сон салобати як кӯҳро заданд оташ,
Чӣ гуна дар дили амвоҷи пурталотуми ишқ,
Ҳамосапарвари настуҳро задан оташ.
Чаро? Чи гуна табарпарварони чақмоқӣ,
Бинои ҳиммати башкуҳро заданд оташ?
Чӣ сон ба сӯги сапедор сар диҳам фарёд,
Ба умқи отифа андӯҳро заданд оташ.
Дирафши ишқ баланд асту осмон гирён,
Зи марги Ораши оташнафас камон гирён.
Қасам ба оташи қақнуспарвари ҷангал,
Қасам ба сураи сарсабзи дафтари ҷангал.
Дирафши роҳ баланд аст аз тадовуми роҳ,
Чунин навишта, чунин, килки бовари ҷангал.
Ба санг-санги ватан дарси истиқомат дод,
Ба авҷи лолатарин фасл раҳбари ҷангал.
Зи барг-барги дарахтон чакад чакомаи хун,
Гирифта сели шақоиқ саросари ҷангал.
Дирафши ишқ баланд асту осмон гирён,
Зи марги Ораши оташнафас камон гирён.
Агар уқоб пар афшонд, Каҳкашон боқист,
Ва рози равнақи парвоз ҳамчунон боқист.
Хурӯши мавҷ баланд асту нохудо хомӯш,
Диле ба вусъати дарёи бекарон боқист.
Нишони равшании марзи ишқ нопайдост,
Ба ёди Ораши оташнафас камон боқист.
Ба дарра дарраи ин сарзамини оташу хун,
Ғиреви ғайрати Масъуди қаҳрамон боқист.
Дирафши ишқ баланд асту осмон гирён,
Зи марги Ораши оташнафас камон гирён.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG