Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: Киев бояд бо "саратон"-и фасод мубориза барад


Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури ИМА, рӯзи сешанбе, 22 апрел, дар Киев гуфт, ки Амрико ба иқтисоди Украина кӯмак мекунад ва аммо мақомоти Киев бояд бо “саратон”-и фасод мубориза баранд. Ба гуфтаи ӯ, Вошингтон дар таъмини амнияти энерҷӣ ва ваҳдати миллӣ дар Украина ҳам мусоидат хоҳад кард.

Дар гуфтугӯ бо вакилони парлумони Верховная Рада, Ҷо Байден интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурии рӯзи 25 майро “муҳимтарин раъйдиҳӣ дар таърихи Украина” номид.

Муовини раисиҷумҳури Амрико, ки ба хотири намоиши пуштибонии Вошингтон аз Украина дар низоъ бо Русия вориди Киев шудааст, рӯзи сешанбе бо кафили раёсатҷумҳурии Украина Александр Турчинов мулоқот кард ва қарор аст, ки бо нахуствазир Арсений Ятсенюк музокирот анҷом диҳад. Дар ин музокирот Ҷо Байден аз бастаи кӯмакҳои Амрико барои иқтисоди Украина хабар хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG