Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз бар зидди эъдоми афғонҳо дар Эрон


Фаъолони ҳуқуқи башар ва шахсиятҳои мазҳабии Афғонистон бар зидди эъдоми афғонҳо дар Эрон раҳпаймоӣ анҷом доданд. Дар ин раҳпаймоӣ ҳамчунин раҳбарони қабилаҳову ақвом ширкат доштанд.

Ин раҳпаймоӣ дар вилояти Хуст анҷом гирифт ва ширкаткунандагон аз ҳукумати Афғонистон хостанд, ки ба шаҳрвандони худ дар кишварҳои хориҷӣ кӯмак кунад.

Гурӯҳи фаъолон мегӯянд, ки эъдоми шаҳрвандони Афғонистон дар Эрон ангезаи сиёсӣ дорад. Ин раҳпаймоии эътирозӣ баъд аз он баргузор шуд, ки бахши Афғонистони Озоди радиои Озодӣ 20 апрел гузориш дод, ки 18 апрел 6 нафар шаҳрванди Афғонистон дар Эрон барои қочоқи маводи мухаддир эъдом шудаанд.

Оное, ки дар Хуст дар поёни раҳпаймоӣ суханронӣ карданд, гуфтанд, ки Эрон ба боздоштшудагони афғон вакили мудофеъ намедиҳад ва ҳатто имкон намедиҳад, ки онҳо аз худ дифоъ кунанд.
XS
SM
MD
LG