Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши маргталабона 10 нафар кушта шуданд


Як бамгузори маргталаб дар Ироқ мошини бамгузришудаи худро дар наздикии посгоҳи пулис тарконд ва дар он 10 нафар кушта шуданд. Як корманди пулис ва корманди тиббӣ шумораи кушташудагонро таъйид карданд ва гуфтанд, ки ин ҳодиса дар маҳаллаи Сувейрои Бағдод рух додааст. Дар ин ҳодиса ҳамчунин 35 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Як рӯз пеш як бамгузори маргталаби дигар дар наздикии донишгоҳи Бағдод 16 нафарро ба қатл расонда буд. Ин бамгузориҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки баъд аз 10 рӯзи дигар интихоботи порламонӣ баргузор мешавад ва чунин ҳодисаҳо имтиҳони ҷиддӣ барои нируҳои амниятӣ хоҳад буд.

Аз соли 2011, яъне аз замони хуруҷи нируҳои Амрико аз Ироқ ин нахустин интихоботи порламонӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG