Пайвандҳои дастрасӣ

Муштзанҳои тоҷик аз роҳхати Олимпиада маҳрум шуданд


Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон дар София дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо ва роҳхатҳо ба Олимпиадаи дувуми наврасон маҳрум шуданд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқа, 14-уми апрел, Умед Ёқубов дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг дар нахустин қувваозмоияш аз Павел Фёдорови русиягӣ бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрда буд.

Нурмуҳаммади Ашӯралӣ, ки 15-уми апрел дар даври аввал дар вазни то 56 кг бар Аҳмад Алтинас аз Швейтсария бо ҳисоби 2-1 ғалаба карда буд, дар даври баъдӣ 18-уми апрел аз Тамма Салим аз Алҷазоир бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт.

Шаббос Неъматуллоев, ки 16-уми апрел дар даври аввал дар вазни то 69 кг бар Ракан Нассар аз Урдун бо ҳисоби 3-0 ғолиб омада буд, дар даври баъдӣ 19-уми апрел аз Ҷавиер Эстрада аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд.

Меҳрубон Сангинов, ки дар даври аввал дар вазни то 75 кг бар Аҳмад Ал-Маҳдавӣ аз Ироқ бо ҳисоби 2-1 дастболо шуд, дар даври баъдӣ 20-уми апрел аз Козимбек Мардонов аз Узбакистон бо ҳисоби 0-3 ноком шуд.

Меҳроб Иброҳимов, ки нахустин қувваозмоияшро дар вазни то 81 кг 19-уми апрел бо Милос Велетик аз Босния ва Ҳерсеговин бо пирӯзӣ бо ҳисоби 3-0 анҷом дод, дар даври дувум аз Виддал Рилей аз Бритониёи Кабир бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд.

Далерҷон Сулаймонов 17-уми апрел дар рақобатҳо дар вазни беш аз 91 кг дар даври аввал аз Елдос Қодирбоев аз Қазоқистон бо ҳисоби 0-3 мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, ҳамаи шаш муштзани ҷавони тоҷик, ки ба ҳайати мунтахаби кишвар дохил буданд, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар пойтахти Булғористон то рӯзи 24-уми апрел идома меёбад, теъдоди рекордии варзишгарон - 606 нафар (506 писар ва 100 духтар) аз 105 кишвар ширкат доранд. Ин охирин мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин мебошад. Ғолибону ҷоизадорон, инчунин онҳое, ки ҷойҳои чорум ва панҷумро мегиранд, соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG