Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медалҳои тиллои Алишер Аҳмадов ва Гулрӯ Ҳоҷиева дар Непал


Алишер Аҳмадов
Алишер Аҳмадов

Дастаи мунтахаби таэквондо ИТФ-и Тоҷикистон дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Катмандуи Непал соҳиби 13 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) гардид.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ рӯзи 21-уми апрел Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквон-до ИТФ ва кикбоксинги Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, «дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон рӯзи якшанбеи 20-уми апрел шурӯъ шуд, варзишгарони 20 кишвар ширкат доранд. Шарафи Тоҷикистонро 43 варзишгар ҳимоя мекунанд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Яҳёев дар рӯзи аввали мусобиқа дар рақобатҳои инфиродӣ оид ба машқҳои маҷмӯӣ Алишер Аҳмадов байни бузургсолон ва Гулрӯ Ҳоҷиева миёни духтарон бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Инчунин мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати дастаӣ байни писарон ва миёни духтарон ду медали тилло гирифт.

Мусобиқаи мазкур дар пойтахти Непал то рӯзи 23-юми апрел идома хоҳад кард.

Ин мусобиқа барои варзишгарони ҷавони тоҷик як навъ санҷишест пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ байни наврасон, ки аз 6-ум то 11-уми августи соли равон барои аввалин бор дар шаҳри Душанбе барпо мегардад.

Бояд гуфт, ки Алишер Аҳмадов – қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар бахши лайт- контакт дар вазни то 57 кг, барандаи ду медали биринҷӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до (ITF) дар Булғористон дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 57 кг ва дар ҳисоби дастаӣ байни мардон дар машқҳои маҷмӯӣ соли гузашта ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дохил шудааст.
XS
SM
MD
LG