Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳони рус аз Путин кӯмак хостанд


Баъди ҳамла ба як посгоҳи ҷудоихоҳони рус дар шарқи Украина, яке аз раҳбарони маҳаллӣ дар ин минтақа қуюди шабгардӣ эълон кард ва аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хост, ба шаҳри онҳо нерӯҳои посдори сулҳ бифристад. Пештар аз ин вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки аз ҳамлаи хунини бомдоди рӯзи 20-уми апрел дар наздикии шаҳри Словянск “ба хашм омадааст.” Александр Лукашевич, сухангӯи вазорат дар ин бора гуфт: “Русия аз чунин иғвои тундравон ба хашм омадааст ва ин нишон медиҳад, ки Киев майли кашидани лаҷому халъи силоҳ кардани миллатгароёну тундравонро надорад.“ Вячеслав Пономарёв, яке аз раҳбарони ҷудоихоҳон дар Словянск, ки хостори даъвати посдорони сулҳ аз Русия шуд, гуфт, ки дар ҳамла ба посгоҳи онҳо дар наздикии шаҳр се нафар аз ҳамсафонашон ва як ҳамлавар кушта шуданд. Ба қавли мақомоти Украина дар ин ҳодиса як нафар кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Сергей Пономарёв гуфт, ки қуюди шабгардӣ дар минтақа аз нимашаб оғоз шуда ва то соати 6 субҳ идома мекунад.
XS
SM
MD
LG