Як мақоми баландрутбаи низомии Эрон аз ҳукумат хостааст, фарди дигарро дар мақоми сафир дар Созмони Милал таъйин кунад. Аз ин пеш Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки ба Ҳамид Абутолибӣ, намояндаи нави Эрон дар Созмони Милал раводиди сафар намедиҳад. Генерал Муҳаммад Боқирзода, раиси Кумитаи сарбозони бенишоншуда дар ҷанг, рӯзи 19 апрел гуфт, Ҳамид Абутолибӣ бояд дар назди модараш дар Теҳрон бимонад, зеро ӯ ду фарзандашро дар ҷанги солҳои 80-ум бо Ироқ талаф додааст. Ҳамид Абутолибиро ба даст доштан дар гаравгонгирии дипломатҳои амрикоӣ дар Теҳрон баъди инқилоби исломии соли 1979 муттаҳам мекунанд. Дипломати эронӣ мегӯяд, ки дар оғози ин бӯҳрон дар Теҳрон набуд, вале баъдан ба ҳайси тарҷумон барои гаравгонгирон хидмат кардааст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 18-уми апрел қонунеро имзо кард, ки бар асоси он ба ҳар фарде, ки дар ҷосусӣ ва ё фаъолиятҳои террористӣ алайҳи Иёлоти Муттаҳида даст дорад ҳаққи вуруд ба Амрико дода намешавад.