Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии «Далерон- Ӯротеппа» бо «Истиқлол» дар Хуҷанд баргузор мешавад


Чаҳор бозии даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбе, 19-уми апрел, баргузор мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозии “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан ва “Истиқлол”-и Душанбе дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, бо тасмими кумитаи назорату ахлоқи ФФТ Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан барои таъмин накардани шароите, ки аз иншооти варзишӣ талаб карда мешавад, аз баргузории ду бозии мусобиқаи лигаи олӣ, аз ҷумла яктоаш шартан, маҳрум шудааст.

Дар ин варзишгоҳ бозиҳои хонагии дастаи нави лигаи олӣ - «Далерон-Ӯротеппа» - баргузор мешаванд. Бинобар ин "Далерон-Ӯротеппа" маҷбур аст, ки бозии хонагиашро муқобили "Истиқлол" дар майдони дигар баргузор намояд.

Инчунин рӯзи шанбе се бозии дигари даври дувум миёни дастаҳои «Энергетик”-и Душанбе – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа - ССКА “Помир”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода -“Хуҷанд”-и Хуҷанд баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, дар нахустин бозии даври дувум рӯзи 17-уми апрел дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд. Се голи «Хайр»-ро Айдох Наполеон (дар дақиқаи 2-юм), Алишер Ӯлмасов (23), Баҳодур Шарифов (38) ва як голи «Равшан»-ро Хуршед Абдуллоев (84) ба ҳадаф расонданд.

Дар ҳамин ҳол “Хайр” бо чор имтиёз аз ду бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаҳои “Истиқлол” ва “”Хуҷанд”, ки ҳар кадом як бозӣ кардааст, сеимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм
19-уми апрел, шанбе. Оғози бозиҳо - соати 16:00

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров)
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе)
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд)
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе)
Хуҷанд, Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
XS
SM
MD
LG