Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нависанда Гарсиа Маркес дар 87 солагӣ даргузашт


Габриел Гарсиа Маркес-барандаи ҷоизаи адабии Нобел
Габриел Гарсиа Маркес-барандаи ҷоизаи адабии Нобел
Нависандаи колумбиёӣ Габриел Гарсиа Маркес-барандаи ҷоизаи адабии Нобел дар сини 87 солагӣ аз беморӣ даргузашт. Вай дар соли 1982 ҷоизаи Нобелро дар бахши адабиёт ба даст овард. Маркес яке аз бузургтарин нависандагони Амрикои Лотин дар нимаи дуввуми қарни ХХ ба шумор меравад.

Вай муаллифи асарҳои ҷаҳоншумул, аз қабили “Сад соли танҳоӣ”, “Тасвири марги эълоннашуда”, “Ба сарҳанг касе наменависад”, “Ишқ дар давраи вабо” ва амсоли он мебошад.

Маркес аз ақидаҳои сотсиалистӣ ҷонибдорӣ мекард ва ба режимҳои сисёсии чапгаро ва чапгарои шадиди кишварҳои Амрикои Лотин хушбин буд.

Китоби “Сад соли танҳоӣ” соли 1967 чоп шуд ва бештар аз миллион нусха дар саросари ҷаҳон ба фурӯш рафт.

Гарсиа Маркес дар Араката-шаҳраке дар Колумбия дар наздикии соҳили Кариб 6 марти соли 1927 ба дунё омад ва дар Мексико Ситӣ дар хонааш аз бемории пневмания даргузашт.
XS
SM
MD
LG