Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзёбии эҳтиёткоронаи Обама аз музокироти Женев


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, тавофуқоте, ки роҷеъ ба бӯҳрони Украина дар Женев ба даст омад, дурнамоеро пешниҳод мекунад, ки дипломатия метавонад танишҳоро коҳиш диҳад. Обама гуфт, ин акнун ба Русия иртибот хоҳад дошт, ки оё нуфузи худро барои барқарор кардани назм дар Украина истифода мекунад ё хайр.

Обама афзуд, вай ҳоло бо ҳампаймонҳои худ масъалаи таҳримҳои баъдиро бар зидди Русия баррасӣ мекунад ва дар сурати ба даст наомадани пешрафт ин таҳримҳо ҷорӣ хоҳанд шуд.

Обама ин суханонро дар Кохи Сафед баъд аз он изҳор дошт, ки дар Женева бо ширкати Амрикову Украина ва Руссияву Иттиҳодияи Аврупо барои коҳиши ташаннуҷи бӯҳрони Украина нишасти чаҳорҷониба баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG