Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АФК теъдоди дастаҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиёро афзун намуд


Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AФК) дар як ҷаласаи худ рӯзи 16-уми апрел дар Куала-Лумпур тасмим гирифт, ки шумораи дастаҳои ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиёро афзун намояд.

Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия охирин мусобиқае мешавад, ки дар он 16 дастаи мунтахаб ширкат меварзад. Дар мусобиқаи соли 2019 бошад, теъдоди дастаҳо ба 24 мерасад.

Ҷаласаи кумитаи иҷроияи АФК, ки таҳти раёсати Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, раиси АФК, баргузор шуд, инчунин қарор кард, Ҷоми даъвати АФК, ки аз 19-ум то 30-юми майи соли равон дар Ҷазоири Молдив баргузор мешавад, охирин бор доир хоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, даврҳои интихобии чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми Осиё муттаҳид карда мешавад. Бар асоси теъдоди дархостҳо тимҳои мунтахаби миллӣ дар давраи аввали пешакӣ ба ҳашт гурӯҳ тақсим мешаванд. Бозиҳо аз рӯи системи «хона- сафар» барпо мегарданд.

Ҳашт дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум мустақиман ба Ҷоми Осиё -2019 роҳхат мегиранд ва дар давраи дувуми интихобӣ барои роҳ ёфтан ба чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол дар Русия мубориза мебаранд.

24 дастае, ки дар давраи аввали интихобӣ ҷойҳои 2-5-умро мегиранд, барои 12 роҳхати боқимонда ба Ҷоми Осиё-2019 талош мекунанд. Бояд гуфт, ки дар давраи аввали марҳилаи интихобӣ шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил мешавад. Бозиҳо, ба мисли давраи аввал, аз рӯи системи «хона – сафар» барпо мегарданд. Ду дастаи пешсафи ҳар яке аз шаш гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат мегиранд.

Бо мақсади таъмини бештари шумораи бозиҳои байналмилалӣ барои созмонҳои миллии футболи қораи Осиё кумита қарор кард, ки мусобиқот барои дастаҳои мунтахаб нав карда, омилҳои баҳогузорӣ барои иштирок дар мусобиқоти бошгоҳии АФК соддатар карда шавад.

Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон ягон бор дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат накардааст. Бори охирин тими миллии Тоҷикистон дар давраи интихобии чемпионати Осиё 11 сол муқаддам – соли 2003 иштирок карда буд.
Кумитаи иҷроияи АФК, инчунин, қарор кард, ки рейтинги ассотсиатсияҳо дар асоси натоиҷи ширкати дастаҳои мунтахаб ва бошгоҳҳо дар чаҳор соли ахир дар мусобиқоти АФК тартиб дода шавад.

Баъди тасдиқи рейтинг ассотсиатсияҳое, ки ҷойҳои аз 1-ум то 24-умро мегиранд, ба ҳаққи ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2015 мушарраф мешаванд. Ба ғайр аз ин, ассотсиатсияҳои дар қисми болоии рейтинг (топ-24) ҷойгиршуда бояд аз санҷиши омилҳои литсензионии бошгоҳҳо гузаранд. Ассотсиатсияҳое, ки дар рейтинг ҷойҳои аз 25-ум то 32 –юмро мегиранд, ҳуқуқи иштирок дар Ҷоми АФК-2015-ро аз даври гурӯҳӣ ба даст меоранд.

Ассотсиатсияҳое, ки дар рейтинги АФК дар ҷойҳои 33-47 қарор мегиранд, имкон пайдо мекунанд дар Ҷоми АФК аз марҳилаи плей-офф ширкат варзанд.
XS
SM
MD
LG