Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Мурсӣ ба зиндон маҳкум шуданд


Додгоҳе дар Миср ҳудуди 120 тарафдори созмони Ихвонулмуслиминро барои ширкат дар муноқишаҳои хунин баъди барканории раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ ба се солӣ ба зиндон маҳкум кард. Дар ин тазоҳурот дар моҳи октябр, исломгароёни тарафдорони Мурсӣ бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд ва дар натиҷа дар саросари Миср 50 нафар кушта шуданд. Аз ин пеш дар моҳи март, додгоҳи Миср 529 тарафдори Муҳаммад Мурсиро бо гуноҳи ширкат дар хушунатҳои маргбори моҳи августи соли 2013 ба қатл маҳкум кард. Ҳукумати дастнишондаи артиш дар Миср, ки Муҳаммад Мурсиро сарнагун кард, моҳи декабр созмони исломии Ихвонулмуслиминро, як нерӯи сиёсии қавӣ дар Мисрро созмони террористӣ эълон кард.
XS
SM
MD
LG