Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳили Днестр ҳам хостори вуруд ба ҳайати Русия шуд


Ҷумҳурии мухтори Соҳили Днестри Молдавия аз раҳбарияти Русия хостааст, ки онро ҳамчун кишвари мустақил ба расмият шиносад. Дархост ба Думаи давлатӣ, Шӯрои Федератсия ва раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе, 16 апрел, дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Соҳили Днестр пазируфта шуд.

Ба навиштаи хабаргузории ИТАР-ТАСС, дафтари матбуоти парлумон таҳзеҳ кардааст, ки ин тасмим дар пояи натиҷаҳои раъйпурсии соли 2006 дар Приднестровие гирифта шудааст. Он вақт бештари сокинони Соҳили Днестр хостори истиқлол ва дар оянда пайвастан ба ҳайати Русия шуда буданд.

Бори аввал нест, ки Тираспол аз Маскав хостори эътирофи истиқлолаш мешавад. Ба гуфтаи вакили парлумони ҷумҳурии Соҳили Днестр Вячеслав Тобух, ин ҷумҳурӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ аз Қрим тафовуте надорад ва бояд мисли Қрим ба ҳайати Русия шомил карда шавад.

Замима шудани Қрим ба ҳайати Русия боиси эътирози ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва эъмоли таҳримҳои байнулмилалӣ болои Маскав шуд.
XS
SM
MD
LG