Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2014 - Соли оммавияти футбол дар Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо як фармони худ соли 2014-ро Соли оммавияти футбол дар кишвар эълон кардааст ва акнун мехоҳанд футболро дар кишвар рушд диҳанд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ имрӯз, 14-уми апрел, аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар доданд. Бино ба иттилои ин манбаъ, ин ҳуҷҷат бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш, рушди минбаъдаи футбол ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти аҳолӣ бо бозии футбол қабул шудааст.

Бар асоси ин фармон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки якҷоя бо Федератсияи футболи кишвар барои амалӣ намудани ин ҳуҷҷат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ба иттилои ФФТ дар Соли оммавияти футбол дар кишвар баргузории мусобиқот миёни кӯдакону наврасон, ҷавонону бузургсолон ба нақша гирифта шудааст, ки мақсади асосӣ фароҳам овардани шароит барои таҳкими саломатии аҳолӣ ва тавассути футбол ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ ҷалб кардани онҳост.

Ёдовар мешавем, Соли оммавияти футбол дар Тоҷикистон 26-уми март бо фестивал ё ҷашнвораи футболи кӯдакон аз рӯи барномаи «Grassroots» шурӯъ шуда буд. Дар маросими ифтитоҳи он Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Созмони ҷаҳонии футбол), ширкат дошт. Вай зимни сухарониаш дар ин маросим гуфт, «мо бо ифтихор чунин ташаббусҳоро, ба мисли Соли оммавияти футбол дар Тоҷикистон, ки ба болоравии маъруфияти футбол дар тамоми ҷаҳон саҳми аниқ мегузорад, дастгирӣ мекунем. Муҳим аст, ки чунин ташаббусҳо ба рушди футболи занона низ таъсири мусбат мерасонанд.”
XS
SM
MD
LG