Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои амниятии Украина амалиётеро алайҳи гурӯҳҳои тарафдори Русия дар шаҳри Краматорск шурӯъ кардаанд. Аз ҷумла доир ба тирандозӣ дар фурудгоҳи ин шаҳр хабар мерасад. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли Сергей Тсипляков, раҳбари яке аз ин гурӯҳҳо дар шаҳри Донбас навиштааст, ки ду узви гурӯҳи ӯро захмӣ кардаанд. Хабаргузории Ройтерс аз қавли шоҳидони айнӣ навиштааст,ки ду чархбол дар фурудгоҳи Краматорск фуруд омадаанд ва сарбозон аз дохили онҳо берун шудаанд.