Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов дар Варшава медали нуқра гирифт


Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи XXXI байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи мураббии машҳур Феликс Штамм дар Варшава медали нуқра ба даст овард.

Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар пойтахти Лаҳистон аз 8-ум то 13-уми апрел баргузор шуд. Мирзо Шамсиев, мураббии маъруфи бокс, рӯзи 14-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, “Анвар Юнусов дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг мақоми дувумро касб кард. Вай нахуст бар Артур Субҳонқулови русиягӣ, баъдан бар Де Ҷесус Ҷодисони бразилӣ, сипас бар Давид Оливер Ҷоуси ирландӣ ғолиб омад ва ба финал баромад. Вале муштзани тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Отар Ераносян аз Гурҷистон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.”

Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ 98 мард ва 43 зан аз 23 кишвар ширкат доштанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Лаҳистон бо касби 4 медали тилло, 4 – нуқра ва 6 – биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Русия бо касби 2 медали тилло, 2 – нуқра ва 2 – биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Гурҷистон бо касби 2 медали тилло ва 4 – биринҷӣ дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Тоҷикистон бо як медали нуқра баъди се тими пешсаф, инчунин дастаҳои Ирландия, Инглистон, Қазоқистон, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада ҷойи 10-умро азони худ кард ва аз тимҳои Қатар, Маҷористон, Испания, Чин, Булғористон, Белгия, Беларус, Юнон ва Зеландия Нав, ки соҳибони медалҳо шуданд, пеш гузашт.

Мирзо Шамсиев иброз дошт, ки мутаассифона, шогирди дигараш – Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 , – ба ин мусобиқа роҳ дода нашуд. Вай афзуд, «мо барои иштироки ҳарду шогирдам пешакӣ дархост дода будем. Вале дар номае, ки аз номи ташкилкунандагони ин мусобиқаи байналмилалӣ гирифтем, гуфта мешавад, ки дар сабқати занон дар вазни то 60 кг ҳамаи 16 ҷой пур шудааст. Бинобар ин Мавзуна дар ин мусобиқа иштирок накард.»

Ба гуфтаи ҷаноби Шамсиев шогирдонаш – Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов - дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки моҳҳои май-июн баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Вале то ҳоло макони баргузории ин мусобиқаи қитъавӣ маълум нашудааст.
XS
SM
MD
LG