Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми бозори "Саховат"-и Кабирӣ ба таъхир афтод


Эълони ҳукми додгоҳи шаҳри Турсунзода дар мавриди бозори «Саховат»-и Муҳиддин Кабирӣ ба вақти номаълум ба таъхир афтод.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 15-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки таърихи эълони ҳукм ба таъхир гузошта шуд ва бо мушаххас шудани он, матбуотро дар ҷараён хоҳанд гузошт. Интизор мерафт, додгоҳи шаҳри Турсунзода имрӯз, 15-уми апрел ҳукмаш дар мавриди бозори "Саховат"-ро, ки ба наздикони Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ доштааст, эълон кунад.

Додраси догоҳи шаҳри Турсунзода Муҳаббат Пардаева рӯзи 14-уми апрел зимни мурофеаи додгоҳӣ аз ҷонибҳо хост то ба музокироти додгоҳӣ омода шаванд. Ҷараёне, ки пас аз он догоҳ ҳукми худро дар нисбати парвандаҳо эълон мекунад.

Зимни ин мурофеа додгоҳ Юлдош Айтматов, роҳбари бахши варзиши ҳукумати Турсунзодаро ба сифати шоҳид пурсид. Айтматов зимни шаҳодатдиҳӣ гуфт, варзишгоҳи мазкур дар солҳои 90-ум ба штаби Фронти халқӣ табдил шуда буд ва пас аз он дар ин ҷо бозори стихиявӣ ба вуҷуд омад ва толорҳои варзишии паҳлӯи он ҳам ҳоли харобе дошта ва ба таъмир ниёз доштанд: «Ман ба ҳайси роҳбари бахши варзиш аз ҳукумати Турсунзода дархост кардам, ки ҷои стадионро фурӯхта аз ҳисоби он толорҳои боқимондаро таъмир кунем. Ин стадион бо имзои муовини раиси он вақтаи ҳукумат фурӯхта шуд ва соҳибони бозор воқеан толорҳои боқимондаро аз ҳисоби бозор таъмир, карданд дару тиреза шинонданд.»
Дар ҳамин ҳол, намояндаи Оҷонсии мубориза бо коррупсия зикр кард, ки ин варзишгоҳ аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошт ва танҳо ҳукумати кишвар ҳақ дошт онро хусусӣ кунад. Аз ин рӯ дар даъвои хеш Оҷонсии мубориза бо коррупсия ин ҳукми содир кардаи мақомоти Турсунзодаро комилан ғайриқонунӣ медонад. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳоло бозор ба оилаи вай таалуқ дорад, гуфт, онҳо ин даъвои Оҷонсиро қубул надоранд, чунки мӯҳлати пеш бурдани даъво гузаштааст ва ҳамзамон ин бозор дар соли 2007-ум таҳти қонуни авфи амвол низ қарор гирифтааст, ки мувофиқи он қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ хусусӣ шудани амволи мавриди авф қарор гирифта бояд баҳс карда нашавад. Аммо додгоҳ ин дархости Кабириро қонеъ накард.

Дар пайи ин иддаои Кабирӣ намояндаи Оҷонсии мубориза бо коррупсия аз додгоҳ хоҳиш кард, ки онҳо аз қисмати даъвояшон марбут ба «ҷуброни зарари соҳибмулкони бозор» даст мекашанд. Мувофиқи ин қисмати даъвои Оҷонсӣ ҳукумати Турсунзода бояд беш аз 7 ҳазор сомоние, ки соҳибмулки авали бозор Лутфия Неъматуллоева ҳангоми хариди он ба давлат супурда буд ҷуброн мекард ва дар навбати худ Неъматуллоева 836 ҳазор сомоние, ки Мастура Раҳматуллоева (ҳамсари М. Кабирӣ) дар соли 2009 аз ӯ ин бозорро харидорӣ карда буд, бозпас медод.

Додгоҳи Турсунзода ин дархости Оҷонсиро қонеъ кард ва ҳамакнун дар доираи ин мурофеа масъалаи ҷуброни зарар баррасӣ намешавад. Зимнан бо дархости додгоҳ як коршиноси Вазорати адлия дар пайи ҳисоби маҳсулоти сохтмонии бозор арзиши онро 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст. Аммо Кабирӣ мегӯяд ин нарх ҳатто нисфи қимати воқеии ин бозор нест ва тибқи арзиёбии ӯ, бо назардошти мавқеи ин фурӯшгоҳ арзиши бозории он на камтар аз 10 миллион сомонӣ аст.

Бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода, 55-километрии ғарбии пойтахт ҷойгир буда, соҳибмулки он Мастура Раҳматуллоева, ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили Маҷлиси намояндагон маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи соҳибмулкон, ҳоло дар бозор 670 соҳибкор ба тиҷорати сару либос ва дигар ашёи мавриди ниёзи мардум машғули кор ҳастанд. Зимнан Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи хонаводаи Кабирӣ санҷиш ва кушодани парванда нисбати ин бозорро "супоришӣ" донистааст.

Хабарнигори Озодӣ ин видеоро рӯзи 14 апрел аз бозори "Саховат"-и шаҳри Турсунзода овардааст:


Изи генерал Ғаффор Мирзоев дар баҳси «Саховат»-и Кабирӣ

Бо ин ҳол, рӯзи 14 апрел дар баҳси бозори «Саховат»-и Кабирӣ дар додгоҳи ноҳияи Турсунзода, номи Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентӣ, ки ҳоло дар маҳбас ба сар мебарад, низ кашида шудааст. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар мурофиаи навбатии бозори «Саховат» дар додгоҳи иқтисодии Турсунзода, раиси пешини ин ноҳия Ҳамидуллоҳ Алишеров даъват шуда ва мавриди пурсиш қарор гирифтааст. Бар пояи баёноти раиси пешини ноҳияи Турсунзода, гӯё варзишгоҳи ноҳия бо дархости Ғаффор Мирзоев ба бозор табдил дода шудааст.
Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев
Раиси пешини ноҳияи Турсунзода дар посух ба суоли раиси мурофиа, додраси додгоҳ Муҳаббат Пардаева гуфтааст, ки Ғаффор Мирзоев, ки дар поёни солҳои 90 дар ноҳияи Турсунзода нуфузи зиёд дошт ва чандин моликият ба ӯ тааллуқ мегирифт, ба мақомот ҳеҷ гуна фишор наовардааст, балки танҳо хоҳиш кардааст, ки агар дар маҳалли ммаҷтамаи варзишӣ бозор сохта шавад ва др аоняда бо маблағи он чандин варзишгоҳ дар ноҳия бунёд хоҳад шуд.

Соли 1989 масъулони собиқи бахши варзишии шаҳри Регар тарҳи сохтмони мактаби варзиширо дар маҳалли ҳозираи бозори «Саховат» ба нақша гирифта буданд. Ҳамидуллоҳ Алишеров дар мурофиа гуфтааст, ки тартиби ба ҷои мактаби варзишӣ сохта шудани бозори "Саховат" аз рӯи қонунҳои ҷорӣ амалӣ шуда ва ҳеҷ гуна фишоре аз тарафи Ғаффор Мирзоев сурат нагирифтааст.

Бар асари нооромиҳои солҳои 90-ум, сохтмони мактаби варзишӣ нотамом монда, масолеҳи он ба ғорат рафтааст. Маҳалли бозори «Саховат» дар соли 1996 аз тарафи як сокини як шаҳрванд бо номи Лутфия Негматова тариқи музояда харидорӣ шуда ва cоли 2009 Мастура Раҳматуллоева, ҳамсари раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ онро аз ин сокинин Турсунзода мехарад. Ва аз он замон то кунун Ҷамшед - яке аз писараммаҳои Кабирӣ ҳамчун мудири бозор масъулиятро ба дӯш доштааст.

Рӯзи душанбе замоне, ки муҳокима дар додгоҳи Турсунзода ҷараён дошт, Муҳиддин Кабирӣ аз бозор зиёрат намуд ва изҳори умед кард, ки баъди ҳукми додгоҳ соҳиби нав фаъолияти бозоррро қатъ нахоҳад кард.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир мақолаҳои интиқодие, ки дар матбуоти даврӣ алайҳи Муҳиддин Кабирӣ навишта шудаанд, миёни фурӯшандаҳои бозори Саховат"-и Турсунзода тақсим карда мешавад. Аммо раиси бозор гуфтааст, маълум нест, ки ин амал дасти кори кист.

Додгоҳи иқтисодии ноҳияи Турсунзода бар асоси даъвои Оҷонсии зидди коррупсия, ки гӯё ин бозор ғайриқонунӣ сохта шуда бошад, ба баррасии парвандаи бозори «Саховат», воқеъ дар шаҳри Турсунзода, ки ба ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, тааллуқ доштааст оғоз намуд.

Бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода, 55-километрии ғарбии пойтахт ҷойгир буда, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили маҷлиси намояндагон яке аз соҳибмулкони ин бозор дониста мешавад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи бозори «Саховат» рӯзи гуфт, ки 2-уми апрел дар мурофиа Муҳиддин Кабирӣ ба унвони яке аз соҳибмулкони ин бозор даъват карда шуд, ки вай дар онҷо назари худро баён доштааст. Ба гуфтаи Ёров,Муҳиддин Кабирӣ санҷиш ва кушодани парванда нисбати ин бозорро "супоришӣ" донистааст.

Шарҳҳоро бинед (34)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG