Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Славянск амалиёти зиддитеррор шурӯъ шуд


Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, рӯзи якшанбе, 13 апрел, ҳушдор дод, ки бенизомиҳо дар шарқи Украина ба манфиати ягон ҷониб нестанд. Ӯ аз нооромтар шудани авзоъ дар минтақа ва афзоиши хатари бархӯрдҳои хушунатбор изҳори нигаронии амиқ кард. Дабири кулли Созмони Милал аз ҷонибҳо хост, ки ба эътидоли авзоъ муваффақ шаванд, аз қавонин берун пой наниҳанд ва аз таҳаммул кор бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабаргузориҳо, рӯзм якшанбе дар шаҳри Славянск, воқеъ дар садкилометрии шимоли Донетск, амалиёти зиддитеррор зери раҳбарии Хадамоти амнияти Украина шурӯъ шуд. Ба иттилои вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков ҳама ниҳодҳои қудратии кишвар ба ин амалиёт ҷалб шудаанд. Сокинони шаҳр ба хабаргузориҳо гуфтанд, ки аз чанд мавзеъ садои тирандозӣ ба гӯш мерасад.

Ҷудоихоҳони рустабор рӯзи шанбе дар бинои ҳукумати шаҳри Славянск, воқеъ дар садкилометрии Донетск, парчами Русияро насб намуданд. Дар ин бора мири Славянск Неля Штепа хабар дод ва гуфт, ки тақрибан ҳазор нафар вориди бинои ҳукумат шудаанд. Рустаборҳо, ки худро аъзои “гурӯҳи ташаббускори Ҷумҳурии Донетск” муаррифӣ кардаанд, биноҳои шӯъбаи милиса ва бахши маҳаллии Хадамоти амнияти Украинаро ҳам забт намуданд. Онҳо аз бинои шӯъбаи милиса тақрибан 400 туфангча ва беш аз 20 автоматро рабуданд.

Шаҳри Славянск дар тақрибан садкилометрии шимоли Донетск воқеъ аст ва он ҷо 130 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Арсен Аваков дар Фейсбук навишт, ки рӯзи шанбе шӯъбаи милисаи шаҳри Краматорск ҳадафи тирандозии афроди ношинос қарор гирифт. Вазир ҳамчунин хабар дод, ки дар шаҳри Красний Лиман кормандони милиса ва мардуми маҳаллӣ ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳро баргардониданд.
XS
SM
MD
LG