Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ҷасади Ричард Фрай ба Тоҷикистон интиқол меёбад?


Ричард Фрай
Ричард Фрай

Дар ҳоле, ки аз даргузашти Ричард Фрай, пажӯҳишгари маъруфи Эрону Осиёи Марказӣ ва профессори ифтихории донишгоҳи бонуфузи Ҳарвард 17 рӯз мегузарад, ҷасади ӯ дар сардхона нигоҳ дошта мешавад ва ҳанӯз ба хок супурда нашудааст.

Ин донишманди маъруф, ки даҳҳо сол аз умри худро сарфи омӯзиши Эрону Осиёи Миёна намуда буд, рӯзи 27-уми март дар Бостони Амрико даргузашт ва васият карда буд, ки пас аз маргаш дар канори Зояндарӯди Исфаҳон дар Эрон ба хок супурда шавад. Ҷасади ӯ ҳамакнун дар сардхонае дар Амрико нигоҳ дошта мешавад, то хонаводааш битавонанд онро барои хоксупорӣ ба Эрон мунтақил кунанд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз масъулони шаҳри Исфаҳон, имоми ҷумъаи ин шаҳр, намояндагони парлумон ва усулгароёни Эрон ба ин масъала мухолифати сахт нишон додаанд. Аз ҷумлаи имоми ҷумъаи шаҳри Исфаҳон гуфтааст, ки "мардум Исфаҳон иҷозати чунин кореро ба масъулон нахоҳанд дод, ки ҷанозаи як фарди ҷосуси CIA дар Исфаҳон дафн шавад." Вай дар идома гуфтааст, ки "оё шахсияте Ричард Фрай монанди шахсиятҳое амсоли Мулло Садро, Мирдомод ё Шайх Баҳоӣ аст" ва афзудааст, ки "чаро бояд чунин фарде, ки осори миллии моро ба дуздӣ бурдааст, дар Исфаҳон дафн шавад?"

Рӯзи панҷшнабе низ даҳҳо нафар, ки худро аз пайравони "Ҳизбуллоҳ"-и Эрон мехонанданд, бо раҳпаймоӣ дар Исфаҳон таҳдид карданд, ки иҷозаи дафни ҷасади Ричард Фрай, ки аз ӯ ба унвони "ҷосуси CIA" ном мебурданд, дар ин шаҳрро иҷозат намедиҳанд. Ҷосус донистани Ричард Фрай бо такя ба баъзе навиштаҳои худи ӯ сурат мегирад, ки дар онҳо баён карда буд, ки дар ҷараёни Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, фаъолиятҳои истихборотӣ алайҳи Олмони фашистӣ анҷом медодааст.

Аммо як масъул дар ҳукумати вилояти Исфаҳон ба хабаргузории "Форс" гуфтааст, ки дафни Ричард Фрай дар Исфаҳон овозае беш нест ва афзудааст, ки то кунун ҳеҷ дархосте аз сӯи бозмондагони вай ба вазорати умури хориҷии Эрон дар бораи дафни Ричард Фрай дар Исфаҳон нарасидааст.

Ахбори вобаста ба хоксупории Ричанд Фрай дар ҳоле мунташир мешавад, ки расонаҳои эронӣ даъво кардаанд, ки Тоҷикистон дар пай он аст, ки ин эроншиноси барҷастаро дар хоки худ дафн кунад. Чанд рӯз қабл рӯзномаи "Шарқ" гуфтугӯе бо Мустафо Муҳаққиқдомод, раиси Шӯрои бунёди доктор Маҳмуди Афшор (аз ниҳодҳои эронӣ ки дар пайи хоксупории Ричард Фрай дар Эрон аст) анҷом дода буд, ки дар он ҷаноби Муҳаққиқдомод аз талоши Тоҷикистон барои дафни Ричард Фрай дар он кишвар хабар дода буд.

Ба дунбол, хабаргузории ИРНА-и эронӣ гуфтугӯе бо ду мақоми фарҳангӣ ва сиёсии Тоҷикистон анҷом дод, ки дар он ин афрод эълом карданд, ки кишвари онҳо ҳаргиз чунин дархосте надодааст ва онҳо танҳо дар расонаҳои эронӣ чунин хабареро дидаанд. Музаффар Азизов, раиси бахши осори фарҳангӣ ва таърихии вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ҳамчунин муовини дафтари сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо ИРНА аз ин хабар изҳори беиттилоӣ кардаанд.

Ба дунболи даргузашти ин пажӯҳишгари маъруфи Осиёи Миёна ва Эрон, вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф аз ин воқеа изҳори таассуф карда буд. Алии Мутаҳҳарӣ, як вакили парлумони Эрон аз давлати он кишвар хост, ки ба васияти Ричард Фрай амал кунанд ва иҷозаи интиқоли ҷасади вай ба Эронро бидиҳанд. Дар даврони раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод, хонаи суннатие дар Исфаҳон ба Ричард Фрай дода шуда буд ва дар асоси гузоришҳо, давлати Аҳмадинажод ба ӯ ваъда дода буд, ки пас аз марг, ҷасади ӯ дар канори Зояндарӯд дафн хоҳад шуд. Худи Ричард Фрай соли 2008 дар гуфтугӯе бо шабакаи хабарии CNN бо таъкид бар ин ки, тамоми умрашро фидои Эрон кардааст, гуфт, орзу дорад пас аз маргаш дар канори Зояндарӯд дар Исфаҳон дафн шавад ва иҷозаи ин корро низ аз Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти вақти Эрон дарёфт кардааст.

Профессор Фрай аз ташаббускорони таъсиси Маркази мутолиоти Ховари Миёна дар Донишгоҳи Ҳарвард буд. Ин марказ аз нахустин барномаҳои таҳқиқи Эрон дар Амрико ба шумор мерафт. Донишмандоне, чун Анн-Марӣ Шиммел, Олег Грабар, Ҷон Лимбертва Френк Ҳаддл, ки баъдан як муддат сафири Амрико дар Тоҷикистон буд, аз парвардаҳои мактаби Фрай мебошанд.

“Шарқи наздик ва қудратҳои бузург”, ”Эрон”, “Мероси Эрон”, “Мероси Осиёи Марказӣ аз аҳди бостон то ҳамлаи туркон”, “Эрони бузург”, “Амрико ва Туркияву Эрон” танҳо чанд номгӯи китобҳоест, ки аз Ричард Фрай ба мерос мемонад.

Ричард Фрай ба забонҳои русӣ, немисӣ, арабӣ, форсӣ, пашту, узбекӣ, туркӣ ва ҳам ба англисӣ балад буд ва равон сӯҳбат мекард. Ӯ ҳамин тавр, ба гуфтаи муҳаққиқон, аз камшумор донишмандоне буд, ки ба забонҳои бостонии авестоӣ, паҳлавӣ ва суғдӣ ҳам балад буд ва ҳамчунн ба тақрибан ба ҳамаи лаҳҷаву гӯишҳои роиҷ дар Эрон ошноии наздик дошт.
XS
SM
MD
LG