Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА боз 12 зина поин рафт


Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки 10-уми апрел нашр шудааст, бо 188 имтиёз 12 зина поён рафт ва дар мақоми 133-юм қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 19-ум ва миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 13-ум мебошад ва танҳо аз Қирғизистон ва (147) ва Туркманистон (156) боло ҷойгир шудааст. Дастаҳои мунтахаби Украина (17), Русия (18), Арманистон (33), Узбакистон (53), Беларус (83), Озарбойҷон (85), Эстония (93), Молдова (99), Гурҷистон (103), Литва (104), Латвия (109) ва Қазоқистон (118) пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини ФИФА дар байни 209 тими миллӣ бо 1460 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Португол дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Колумбия, Уругвай, Аргентина, Бразилия, Швейтсария, Италия ва Юнон ҷойгир шудаанд.

Дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё тими миллии Эрон (37) пешқадам аст. Баъдан миёни даҳгонаи аввал Ҷопон (47), Узбакистон (53), Кореяи Ҷанубӣ (56), Австралия (59), Урдун (64), Имороти Муттаҳидаи Араб (67), Арабистони Саудӣ (75), Умон (81) ва Қатар (95) қарор доранд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев дар охирин бозиаш, ки дӯстона буд, рӯзи 15-уми октябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 4-1 ғолиб омадааст.
Мунтахаби Тоҷикистон имсол баргузории якчанд бозии байналмилалии дӯстонаро ба нақша гирифтааст, аз он ҷумла бо тими миллии Афғонистон (4-уми май дар Душанбе) ва бо мунтахаби Эстония (7-уми июн дар Таллинн).
XS
SM
MD
LG