Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров аз кишварҳои ғарбӣ интиқод кард


Лавров бо Дмитрий Рогозин
Лавров бо Дмитрий Рогозин
Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия кишварҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки онҳо фазои зиддирусӣ эҷод мекунанд. Лавров ҳушдор дод, ки чунин сиёсат метавонад ба суботи вазъ дар Аврупо таҳдид кунад.

Вақте ки Русия дар моҳи март Қримро ба тасарруфи худ даровард, кишварҳои ғарбӣ акнун Маскавро муттаҳам мекунанд, ки оромиро дар Аврупо халалдор кардааст. Ба дунболи тасарруфи Қрим кишварҳои ғарбӣ бар зидди Русия таҳрим ҷорӣ карданд. Паймони НАТО аз Русия хост, ки нируҳои худро аз марз бо Украина фаро хонад.

Аз сӯи дигар, Сергей Лавров мегӯяд, бояд ба талошҳо барои “қонунӣ кардан”-и ҳукумати Украина хотима дода шавад, то вазъ дар ин кишвар ба ҳолати оддӣ баргардад. 11 апрел Лавров дар Маскав гуфт, барои Украина зарур аст, ки замонати қонунии мавзеъгирии “бетарафона”-и худро дошта бошад, то бӯҳрони Украина ҳал шавад. Дар ин маврид Лавров мухолифати Русия ба пайвастани Киев ба паймони НАТО-ро таъкид кард.
XS
SM
MD
LG