Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё омодагӣ мебинад


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14) дар шаҳри Норак ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шурӯъ кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ин ҷамъомад торӯзи 19-уми апрел идома меёбад.Раҷаб Расулов, сармураббии мунтахаби наврасони кишвар ба ҷамъомад 27 бозигар – 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 7 ҳамлагарро даъват кардааст.

Дар доираи омодагии мунтахаби наврасон ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Футболбозони навраси тоҷик 13-уми апрел бо дастаи «Рамис-Испечак» дар Душанбе, 16-уми апрел бо тими «Нури Норак» дар Норак ва 19-уми апрел бо «Сино»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) ба гурӯҳи «В» шомил аст ва бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд ва Ироқ рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Эрон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ ва Тимори Шарқӣ дохиланд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасони синашон то 14-сола аз 4-ум то 13-уми август дар шаҳри Ҳамадони Эрон барпо мегардад. Сабқати гурӯҳӣ аз як давра иборат аст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба нимфинал мебароянд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 11-уми август ва бозии ниҳоӣ 13-уми август баргузор мешаванд.

Футболбозони навраси тоҷик 5-уми август муқобили дастаи Тайланд, 7-уми август бо мунтахаби Ироқ ва 9-уми август бо Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунанд.

Ҳайати васеи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14):
Дарвозабонҳо: Хусрав Раҳимов («Саройкамар»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»).

Ҳимоятгарон: Ҳувайдо Малаев, Шаҳром Абдуллоев, Оятулло Сафаров (ҳама аз РШВСМ), Эмомалӣ Раҳмонов, Муҳаммадҷони Мирзо (ҳарду аз «Равшан»), Аббос Раҳмонов («Варзоб»), Султоншо Мирзоев («Энергетик»), Ҳусейн Нурматов («Вахш»).

Нимҳимоятгарон: Аслиддин Муҳаммадиев («Истиқлол»), Саидмухтор Азимов («Нури Норак»), Дурахшон Рӯзибоев, Ҷаҳонгир Раҳматзода (ҳарду аз РШВСМ), Шерхони Абдуҷаббор («Авиатор»), Самадҷон Шарифов («Энергетик»), Муҳаммад Пӯлодов («Ли-Нинг», Хуҷанд), Амир Раҳимов («Равзана», Хуҷанд), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Воҳид Сангинов («Пахтакор», Ҷаббор Расулов).

Ҳамлагарон: Аслон Камолов, Зиёвуддин Фузайлов, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Рустам Саидов (РШВСМ), Тоҳир Малодӯстов («Саройкамар»), Муҳаммад Улаев («Кӯктош»), Умарҷон Шарифов («Вахш»).

Сармураббӣ: Раҷаб Расулов.
XS
SM
MD
LG