Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар шарқи Украина ноором боқӣ мемонад


Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина, рӯзи чоршанбе, 9 апрел, изҳор намуд, ки авзоъ дар манотиқи шарқии кишвар тайи 48 соати оянда ё аз тариқи гуфтушунид ё аз тариқи истифодаи нерӯ сомон хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, режими амалиёти зиддитеррор дар виляотҳои Донетск, Луганск ва Харков боқӣ мемонад.

Дар Донеск ва Луганск, ки рӯзи якшанбе ҷудоихоҳони рустабор биноҳои ҳукумати вилоят ва Хадамоти амниятии Украинаро ишғол карданд, ноором боқӣ мемонад. Дар Донетск рустаборҳо дар атрофи бинои ҳукумат сангарҳои нав бунёд мекунанд.
Баъд аз гуфтушуниди тулонӣ шоми сешанбе аз бинои раёсати Хадамоти амнияти Украина дар шаҳри Луганск, 51 нафар бидуни силоҳ берун шуданд. Ба иттилои расмӣ, ба касе осеб нарасидааст. Музокирот дар мавриди биноро пурра тарк намудани ҷудохоҳон идома дорад.

Дар ҳамин ҳол дар шаҳри Харков кормандони милиса муҳосираи бинои ҳукумати вилоятро қатъ карданд – кормандони гурӯҳи сареъи “Ягуар” рӯзи сешанбе ин биноро аз фаъолони ҷонибдори Русия озод намуданд. Дар ҷараёни амалиёт 70 нафари гумонбар дар ҷудоихоҳӣ боздошт шуданд.

Ҷудоихоҳони рустабор баргузории раъйпурсӣ оид ба таъсиси федератсия дар Украинаро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG