Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳе аз ҷудоихоҳон бинои СБУ дар Луганскро тарк намуданд


Баъд аз гуфтушуниди тулонӣ шоми сешанбе, 8 апрел, аз бинои раёсати Хадамоти амнияти Украина (СБУ) дар шаҳри Луганск, ки аз сӯи ҷудоихоҳони рустабор ишғол шудааст, 51 нафар бидуни силоҳ берун шуданд. Ба иттилои расмӣ, ба касе осеб нарасидааст.

Музокирот дар мавриди биноро пурра тарк намудани ҷудохоҳон идома дорад. Ба чанд вакили мардумӣ иҷоза доданд, ки вориди бино шаванд. Аз ин пеш Хадамоти амнияти Украина хабар дод, ки ҷудоихоҳон биноро майнкорӣ кардаанд ва тақрибан 60 нафарро гаравгон гирифтаанд. Дар навбати худ, ба иттилои Reuters, ҷудоихоҳон изҳор кардаанд, ки дар дохили бино маводи тарканда нест.

Ширкаткунандагони ҳамоиши ҷудоихоҳони рустабор бо талаби баргузории раъйпурсӣ оид ба таъсиси федератсия дар Украина шоми 6 апрел бинои Хадамоти амният дар шаҳри Луганскро ишғол карда, соҳиби силоҳ шуданд. Ҷудоихоҳон ҳамчунин тақозо доранд, ки қазияи ҳама кормандони боздоштшудаи мақомоти қудратӣ ҷиддан тафтиш ва маҳбусони сиёсӣ раҳо карда шаванд. Онҳо хостори эҳёи пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионии Русия ҳам шудаанд.
XS
SM
MD
LG