Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Равшан” – “Ал Сувайқ" бо як рӯз таъхир доир мешавад


Бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё бозии даври панҷуми Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» байни «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Ал Сувайқ»-и Умон як рӯз ба таъхир уфтод.

Ин бозӣ рӯзи 10-уми апрел дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 15.00 шурӯъ мешавад. Дар ин бора сомонаи интернетии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ бозӣ бо хоҳиши бошгоҳи футболи «Ал Сувайқ» як рӯз дертар барпо мегардад, зеро ки футболбозони Умон ба Душанбе рӯзи чоршанбеи 9-уми апрел меоянд. Конфедератсияи футболи Осиё хоҳиши қаҳрамони Умонро ба ҷо овард ва ин бозиро ба рӯзи панҷшанбеи 10-уми апрел гузаронд.

Ба ин бозӣ гурӯҳи ҳакамон аз Мянмар бо раҳбарии Чо Вини 40-сола, довари ФИФА, хидмат мекунанд. Мое Аунг ва Зейн Хан ёварони сардовар мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши Азиз Осимов аз Узбакистон аст. Ҷаясурия Де Силва аз Шри-Ланка комиссари ин бозӣ таъин шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳайати «Равшан» дар ин бозӣ ҳимоятгар Мӯсо Содиқ ва ҳамлагар Наврӯз Рустамов ба иллати гирифтани кортҳои барзиёди зард иштирок намекунанд.

Ёдовар мешавем, дар бозии аввали ин дастаҳо, ки 25-уми феврал дар Умон барпо гардида буд, “Равшан” аз "Сувайқ” бо ҳисоби 1-3 мағлуб шудааст.

Бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон рӯзи чоршанбеи 9-уми апрел барпо мегардад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»
ҶДастаҳоБҒМБТИ
1«Сафо»44005-112
2«Зат Рас»43019-49
3 «Ал Сувайқ»41033-43
4«Равшан»40045-130

Давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон) -1-0
12-уми март (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон) - 1-2

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун) -2-3
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон) - 0-1

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон) - 5-1
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон) – 1-0

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)
10-уми апрел (панҷшанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)
XS
SM
MD
LG