Қазоқистон роҳҳои дигари содироти нафти худро ҷустуҷӯ мекунад ва бим дорад, ки таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия метавонад ба бахши энержии Қазоқистон осеб расонад. Узоқбой Қарабалин-вазири нафту гази ин кишвар рӯзи душанбе ба намояндагони порламон гуфт, ки таҳримҳои зидди Русия метавонад ба коҳиши содироти нафти Қазоқистон ба хориҷ аз кишвар тавассути лулаҳои нафти Русия сабаб шавад.
Қарабалин гуфт, ки Қазоқистон бояд бештар ба лулаи нафти Озарбойҷон-Гурҷистон-Туркия тавассути Дарёи Хазар таваҷҷуҳ кунад. Ба гуфтаи вай, Эрон низ метавонад ба унвони тарафи ҳамкор баррасӣ шавад.
Бино ба гуфтаи Қарабалин, Остона дар ояндаи наздик талош хоҳад кард, то содироти нафтро ба Чину Узбакистон ва Туркманистон афзоиш диҳад. Вай ҳамчунин гуфт, ки таҳримҳои Ғарб мумкин аст сабаби он шавад, ки Русия содироти нафти худро ба Қазоқистон афзоиш диҳад ва бозори нафти Қазоқистон аз ин зарар бинад.