Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон раҳоии чаҳор марзбони кишварро тайид кард


Теҳрон раҳоӣ ва ба ватан баргаштани чаҳор марзбони эрониеро, ки ду моҳ пеш аз сӯи гурӯҳи мусаллаҳи “Ҷайш-ул-адл" дар вилояти Сиистон ва Балуҷистон рабуда шуда буданд, тасдиқ кард. Марзбонҳо тамоми ин муддат дар қаламрави Покистон нигаҳ дошта мешуданд.

Ба иттилои вазорати кишвари Эрон, ҷасади марзбони панҷум, ки моҳи гузашта эъдом шуда буд, то ҳол ба мақомоти эронӣ супурда нашудааст.

Рабуда шудани марзбонҳо таниш миёни Теҳрон ва Исломободро бештар кард ва мақомоти Эрон ҳатто таҳдид намуданд, ки барои мубориза бо шӯришиёни мухолифи давлати Покистон ба қаламрави кишвари ҳамсоя сарбоз мефиристад.
XS
SM
MD
LG