Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон райдиҳӣ идома дорад


Қандаҳор, навбат барои райдиҳӣ
Қандаҳор, навбат барои райдиҳӣ
Дар Афғонистон райдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад ва қарор аст бори аввал дар таърих аз роҳи демократӣ қудрат аз як даст ба дасти дигар интиқол дода шавад. Бино ба гузоришҳо, дар Кобул барои райдиҳӣ дар ҳавзаҳои райдиҳӣ навбат мушоҳида мешавад ва ҳамзамон тадобири шадиди амниятӣ ҷорӣ шудааст.

Баъд аз райдиҳӣ, Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз ҳамдиёрони худ хост, ки бо вуҷуди борону ҳавои сард ва таҳдидҳои амниятӣ ба қитъаҳои рай бираванд ва дар интихобот ширкат ҷӯянд.

Дар ин интихобот барои ишғоли курсии Ҳомид Карзай 8 номзад ба мубориза пардохтаанд. Карзай ду давр раиси ҷумҳур интихоб шуд ва акнун тибқи қонун ҳақ надорад бори севвум худро номзад кунад.

Мақомот мегӯянд, ки барои таъмини амнияти интихобот 350 ҳазор нафар ниру сафарбар шудаанд. Толибон дар остонаи интихобот эълон карданд, ки интихоботро ба ҳам мезананд.

Интиқоли қудрат аз як раиси ҷумҳур ба раиси ҷумҳури дигар дар ҳоле сурат мегирад, ки аксари нируҳои ғарбӣ Афғонистонро тарк мекунанд.
XS
SM
MD
LG