Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Эрдуғон аз лағви манъи "Твиттер"


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, рӯзи ҷумъа, 4 апрел, аз тасмими Додгоҳи Қонуни асосӣ, ки манъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии "Твиттер"-ро нақзи озодиҳои шаҳрвандон хондааст, интиқод кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат ба қарори Додгоҳи Қонуни асосӣ арҷ мегузорад, амоо онро нодуруст мехонад.

Рӯзи панҷшанбе ҳукумати Туркия тасмими манъи "Твитер"-ро лағв кард. Дастрасӣ ба ин шабака бо қарори ҳукумат аз рӯзи 21 март, дар арафаи интихоботи маҳаллӣ, дар қаламрави Туркия номумкин шуд. Аз ин пеш дар "Твиттер" наворҳои садоие пайдо шуданд, ки ба даст доштани мансабдорони аршади ҳукумати Эрдуғон дар фасод ишора мекарданд.

Расонаҳои туркӣ рӯзи ҷумъа дар мавриди иҷозаи сомонаи YouTube ҳам хабар доданд – дастрасӣ ба ин шабака охири моҳи гузашта баъд аз нашри сӯҳбати мансабдорони воломақоми Туркия дар бораи эҳтимоли баргузории амалиёти низомӣ дар Сурия номумкин шуда буд.
XS
SM
MD
LG