Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи маҳаллӣ дар Туркия ба хушунат печид


Бар асари даргирӣ миёни ҷонибдорони номзадҳо дар интихоботи маҳаллии Туркия дасти кам шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Занозаниҳо, ки боиси марги одамон шуданд, дар вилоятҳои Шанлиурфа ва Хатай рӯй доданд.

Интихоботи рӯзи якшанбе, 30 март, чун санҷиши эътимод ба ҳизби ҳукмрони Адолат ва Рушди нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон арзёбӣ мешавад. Тақрибан 52 миллион афроди соҳиби ҳаққи раъй бояд мирҳои шаҳрҳо ва дигар мақомоти маҳаллиро интихоб кунанд. Шаш ҳизби бузурги кишвар, аз ҷумла, Ҳизби ҷумҳуриявии мардумӣ, ҳизби мухолифи ҳукумат, номзадҳои худро пешбарӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ба нуфузи Эрдуғон ва атрофиёнаш чанд моҷарои марбут ба фасод таъсир гузоштааст. Дар интернет сабтҳои садоие пайдо шуданд, ки ба даст доштани мансабдорони аршади ҳукумат ба ҷиноёте чун сӯиистифода аз мансаб ишора мекунанд. Дар арафаи интихобот дар Туркия дастрасӣ ба сомонаҳои маъруф Twitter ва YouTube номумкин шуд.
XS
SM
MD
LG