Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди ҷонибдорону мухолифони Саакашвилӣ дар Тифлис


Дар Тифлис миёни даҳҳо ҷонибдорону мухолифини раисиҷумҳури собиқи Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Сарвари пешини кишвар, ки моҳи ноябр мақомашро тарк намуда буд, чанде пеш барои пурсуҷӯ ҳамчун аз рӯи чанд парвандаи ҷиноӣ ба Додситонии кулл даъват шуда буд. Мулоқот бо муфаттишон бояд рӯзи 27 март баргузор мешуд. Аммо Саакашвилӣ, ки айни ҳол дар Амрикост, гуфт, нияти бозгашт ба Гурҷистонро надорад.

Дар канори бинои Додситониии кулл ҷонибдорони Саакашвилӣ ба нишони эътироз ҷамъ омаданд. Ба хотири халал ворид кардан ба ин намоиши эътирозӣ мухолифини раисиҷумҳур ҳам ба ин ҷо омаданд ва баъд аз чанд лаҳза онҳо бо ҳам вориди бархӯрд шуданд. Дар бораи осебдидагон бар асари бенизомиҳо хабар дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG