Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фейсбук кулоҳи "сеҳрноки" Окулус-ро мехарад


Ширкати азими Фейсбук эълон кард, ки ширкати Окулусро, ки абзорҳои пешрафтаи компютерӣ месозад, бо арзиши 2 миллиард доллар мехарад. Окулус аз ҷумла кулоҳе офаридааст, ки бо ҳаракат додани он корбар метавонад, худро дар ҷаҳони маҷозӣ вале шабеҳи воқеият эҳсос кунад. Ба гуфтаи Марк Зукерберг, раиси Фейсбук, кулоҳи мазкур метавонад, дар оянда барои таҳсил, машварати рӯ ба рӯ бо табиб ва ё ҳатто харид дар мағозаи маҷозӣ ба кор биравад.
XS
SM
MD
LG