Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон хостори музокироти Киев ва Маскав шуд


Узбакистон аз Киев ва Маскав хостааст, ки бӯҳрони Қримро аз роҳи музокирот ҳал кунанд. Дар эъломияе, ки рӯзи сешанбе вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон нашр кард, гуфта мешавад, ки ин кишвар хостори ҳали ҳар гуна мубоҳисоти байналмиллалӣ аз роҳи музокира аст”. Дар ин маврид Узбакистон таҳдид аз роҳи зӯр ва ё истифода аз ниру бар зидди тамомияти арзӣ ва истиқлоли сиёсии ҳар кишварро дар назар дорад.

Дар ин эъломия ҳамчунин омадааст, ки ягона роҳи ҳали бӯҳрони Қрим музокироти мустақими ҷонибҳо барои пайдо кардани роҳи ҳали қобили қабули ҳар ду ҷониб аст, ки он бояд бо назардошти рӯҳияи миллӣ ва арзишҳои фарҳангиву таърихии ҷонибҳо анҷом бигирад.

Дар эъломия омадааст, ҳар қадр, ки вақт барои ҳали масъала аз даст равад, ба ҳамон андоза роҳи ҳал мушкилтар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG