Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди Бен Лоден ба пурсишҳо ҷавоб дод


Дар акс ангушт ба сӯи акси Абу Ғайт ишора мешавад
Дар акс ангушт ба сӯи акси Абу Ғайт ишора мешавад
Домоди Усома Бен Лоден-раҳбари фақиди шабакаи террористии Ал Қоида мегӯяд, Бен Лоден иддао карда будааст, ки вай ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 ба Амрикоро тарҳрезӣ кардааст. Сулаймон Абу Ғайт 48 сол дорад ва бо Фотима–духтари Усома Бен Лоден хонадор шудааст. Вайро рӯзи чаҳоршанбе барои ширкат дар терроризм дар Нию Йорк бозпурсӣ карданд.

Сулаймон гуфт, Бен Лоден пурсидааст, ки Амрико ба ин ҳамла чӣ тавр ҷавоб хоҳад дод, дар ҳамлае, ки 3000 нафар кушта шуданд. Сулаймон дар ҷавоб ба Бин Лоден ҳушдор додааст, ки Амрико то куштани вай ва сарнагунии Толибон ором нахоҳад буд. Бин Лоден дар ҷавоб гуфтааст, ки “шумо хеле рӯҳафтода шудаед”.

Сулаймон Абу Ғайт охирин шоҳид аст, ки дар мурофиаҳои марбут ба куштори амрикоиён пурсида мешавад. Вай сухангӯи Ал Қоида буд. Ба нақша гирифта шудааст, ки мурофиаи парванда рӯзи душанбе ба поён расад.
XS
SM
MD
LG