Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятсенюк рафтори вакилони ҳизби "Свобода"-ро маҳкум кард


Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк рӯзи чаҳоршанбе, 19 март, бархӯрди вакилони парлумон аз ҳизби “Свобода” бо раҳбари Шабакаи аввали телевизиони кишвар Александр Пантелеймоновро маҳкум кард.

Рӯзи сешанбе гурӯҳи вакилон аз ин ҳизб ба бинои шабакаи телевизионӣ омада, Пантелеймоновро дар дурӯғпароканӣ зимни инъикоси эътирозҳо дар Украина айбдор карданд. Сипас онҳо раиси шабакаи телевизиониро таҳқиру латукӯб карданд ва талаб намуданд, ки дар бораи истеъфо ариза нависад. Дар ин бора вазири умури дохилиии Украина Арсен Аваков дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод.

Нахуствазири Украина изҳор намуд, ки ин гуна бархӯрд зимни ҳалли масоили кадрӣ дар ҷомеъаи демократӣ ғайри қобили қабул аст. "Кишваре, ки роҳ сӯи Иттиҳодияи Аврупо дорад, бояд дар амал ба принсипҳо ва арзишҳои ҷомеъаи аврупоӣ арҷ гузорад”, омадааст дар изҳороти Арсений Ятсенюк. Ӯ таъкид кардааст, ки бар пояи қавонини кишвар фақат Кобинаи вазирон ҳаққи арзёбии кори Ширкати миллии телевизионро дорад.
XS
SM
MD
LG